• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Китобу китобхонӣ

February 7, 2025
in Адабиёт ва ашъор
0
Сайфулло Муллоҷон

Сайфулло Муллоҷон

0
SHARES
4
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Китобу китобхонӣ

Сайфулло Муллоҷон

Боз ҳам перомуни китобу китобхонӣ

Ҷомеаи мо чунон аз китобхонӣ дур шуда, ки ҳатто қишре ки вазифааш китобхонӣ аст, яъне донишҷӯ (ДОНИШ + ҶӮ) ҳам хеле кам китоб мехонад. Ба наздикӣ аз ҳамаи донишҷӯёни шуъбаи ғоибона бо навбат суол кардам, ки охирин китобе ки хондаед, чӣ ном дошт, 70 дар сади онҳо гуфтанд, ки китоб нахондаанд. Даҳ дар сад, ки муаллим будаанд, гуфтанд, гоҳе китоб мехонанд ва даҳ дар сади дигар изҳор доштанд, ки китобҳои динӣ (он ҳам қиссаву ривоят) мехонанд. Танҳо даҳ дар сад китоб мехондаанд ва номи китобҳояшонро ҳам гуфтанд. Шояд боваратон нашавад, акнун ки умри ман аз панҷоҳ гузашта, каме ҳам бошад, аз ин гузари умр таҷриба андӯхтаам, бо як нигоҳ ба донишҷӯён (ва афроде дар ҳар маҷлис) метавонам ташхис диҳам, ки китоб мехонаду ки аз китобхонӣ безор аст. Афроде ки китоб мехонанд, ҳатто забон боз накунанду чизе ҳам нагӯянд, аз дигарон фарқ мекунанд. Нишастан, нигоҳ кардан, хестан аз ҷой ва дигар рафтори онҳо бо дигарон тафовут дорад.

Чанд соли охир хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки бар асоси он дар яке аз кишварҳо (агар иштибоҳ накунам Бразилия) муҷозоти он маҳбусоне, ки китобхон бошанд, кам мекунанд. Беназир аст ин таҷриба!

Ин ҷо мехоҳам як қиссаеро ки сад сол муқаддам дар ИМА рух додааст, бикорам. Онро метавон судмандии китобхонӣ номид ё чӣ гуна китоб хондан сабаб шуд, ки як ҷинояткор аз зиндону ранҷу маҳрумиятҳои дигар наҷот ёбад. Ин аст он воқеа.

Соли 1923 бонкдори маъруф Уилям Морган ғайб мезанад. Полиси ИМА моҳҳо дунболи ӯ гашта ба натиҷае намерасад ва аз пайдо карданаш ноумед мешавад. Аммо, як тасодуф сабаб шуду Морганро пайдо карданд. Маълум шуд, ки ин корманди бонк, ки қарздор шуда буд, аз тарси талабкорон, ки пули худро аз ӯ талаб доштанду ба додгоҳ муроҷиат карда буданд, ба китобхонаи шаҳрӣ рафта он ҷо пинҳон мешавад. Вай ҳар рӯз либоси кормандони китобхонаро ба бар карда, дар ҷое пинҳон мешуд ва азбаски ба китоб шавқу рағбати фаровон дошт, китоб мехонду сипас дар поёни рӯз, ки мардум ба хонаҳо мерафтанд, дар миёни китобҳо худро пинҳон мекард. Ҳамин тавр ӯ садҳо китоб хонду рӯзҳоро карона кард ва касе аз ҷойи ӯ огоҳ нашуд. Аммо, Уилям дӯстдори қаҳва ҳам буду он ҷо қаҳва омода мекарду менӯшид. Боре бӯйи қаҳва ба машоми яке аз кормандони воқеии китобхона зад ва ин ҷустуҷӯ сабаб шуд, ки “корманди” китобхона Уилям Морганро пайдо кунанд. Полиси ИМА ӯро дастгир кард ва кори ӯ ба додгоҳ кашида шуд. Аммо раиси додгоҳ, Самбеинг ном шахс, ки ӯ низ ошиқи китобу китобхонӣ буд, вақте аз қазия огоҳ шуд, Морганро наҷот дод. Ӯ ҳукме содир кард, ки Морганро вазифадор месохт, ки қарзҳои гирифтаашро тадриҷан пардохт кунад ва ба кори худ ҳам идома диҳад. Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки “кош дигар ҷинояткорон низ мисли Морган аз додгоҳ фирор мекарданд”. Ҳамин тавр, китобхониву китобдӯстӣ сабаби наҷоти Уилям Морган шуд.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Сайфулло Муллоҷон

Тоҷнек

Tags: Китобу китобхонӣ
Previous Post

Нуктаҳои фалсафӣ

Next Post

Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон

Related Posts

Достони омӯзанда
Адабиёт ва ашъор

Достони омӯзанда

July 5, 2025
Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр

July 5, 2025
Манобеи Шоҳнома
Адабиёт ва ашъор

Манобеи Шоҳнома

July 5, 2025
Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан
Адабиёт ва ашъор

Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан

June 27, 2025
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

June 10, 2025
Муҳаммад Расулуллоҳ
Адабиёт ва ашъор

Дирҳамҳои бобаракат

June 10, 2025
Next Post
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон

Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Неъматҳои илоҳӣ

Неъматҳои илоҳӣ

July 6, 2025
Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

July 5, 2025
Достонҳои омӯзанда

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
Достони омӯзанда

Достони омӯзанда

July 5, 2025

Recent News

Неъматҳои илоҳӣ

Неъматҳои илоҳӣ

July 6, 2025
Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

July 5, 2025
Достонҳои омӯзанда

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
Достони омӯзанда

Достони омӯзанда

July 5, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Неъматҳои илоҳӣ

Неъматҳои илоҳӣ

July 6, 2025
Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

July 5, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved