• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Пурсишу посухҳои маърифатӣ

June 4, 2025
in Имон ва ваҳдат
0
Саволи як донишҷӯ

Саволи як донишҷӯ

0
SHARES
5
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Пурсишу посухҳои маърифатӣ

Чаро мусалмонам?

Сайидюнус Истаравшанӣ

Бар инсон лозим аст, ҳар аз гоҳе – агар нагӯям, ҳар рӯз – дар боварҳои худ ғавр кунад, онҳоро зеру рӯ кунад ва бинад, ки мабодо ба чизе боварманд ва гароиш дошта бошад, ки бе аслу поя ва ғайримантиқӣ аст.

Ва барои ин ки ин нуктаро фаҳм кунед, мисол аз берун мезанам. Зеро инсон вақте дар бораи ғайри худаш яъне берун, қазоват ва доварӣ мекунад, ғолибан мантиқона доварӣ мекунад, бар хилофи он ҷо, ки дар бораи худаш доварӣ ва қазоват кунад.

Хуб, ҳоло мисол аз берун бизанам. Аз шумо, ки мусалмонед, вақте бипурсанд, ки назарат дар бораи боварҳо ва эътиқодоти ҳиндуҳо яъне бутпарастон чист, мусалламан хоҳед гуфт, онҳо нодуруст ҳастанд, чаро ки одами солим, ки дар баробари ғайри Худо аз гову маймун курниш намекунад!

Ва агар бипурсанд, пас чора чист, бандаҳои Худо чӣ кор кунанд, бешак хоҳед гуфт: бояд аввал дар ин боварҳо биандешанд, ки агар бо ақлу мантиқ ҷур дарнамеояд, дур бирезанд ва аз бовари ҳақ – масалан аз ислом — пайравӣ кунанд.

Ва ба сухани дигар, шумо ба бутпарастон – ки имрӯз наздик ба як миллиард инсон дар Ҳинду ғайри он ба ин кеш боварманд ҳастанд — пешниҳод мекунед, ки дар боварҳои худ биандешанд, ки агар ғайримантиқӣ буд, дур бирезанд.

Ба ҳамин роҳатӣ қазоват мекунед.

Дар ҳоле, ки он бандаҳои Худо ба ин далел бутпарастанд, ки гузаштагонашон насл ба насл дар кеши бутпарастӣ будаанд ва кунуниҳо дунболи гузаштагонашон рафтаанд. Одамҳо ғолибан чунинанд; аз дину ойини аҷдоди худ пайравӣ мекунанд, коре надоранд, ки ҳақ аст ё ботил, ҳамин ки дини аҷдод аст, барояшон кулли “далел” аст.

Ва бешак, агар ин миллиард инсон — ки ба ҳамин роҳатӣ дар бораи онҳо доварӣ ва қазоват мекунед – агар инон масалан дар як кишвари мусалмоннишин таваллуд ва бузург шуда буданд, шак накунед, ки алъон онҳо мисли ману шумо мусалмон буданд. Ва агар шумо низ ба ҷойи онҳо дар Ҳинд зода шуда будед, бешак алъон дар бутхона дар баробари маймун курниш мекардед. Шак накунед!

Бинобар ин, ин доварӣ ва қазовате, ки шумо дар бораи ғайри худатон мекунед, дар бораи худатон низ бикунед. Зеро ки дар пайравии шумо ва ӯ аз дине хосс, ҳеч фарқе нест; ӯ агар бутпараст аст, ба ин далел аст, ки дар як муҳити бутпараст зода ва бузург шуда ва шумо, ки мусалмонед, дар хонаводаи як мусалмон таваллуд ва ба воя расидаед. Худо, ки байни бандаҳояш табъиз қоил нест.

Пас, бар инсон аст, ки дар боварҳои худ – ҳар бовар ва эътиқоде, чӣ ислом ва чӣ ғайри он – ғавр кунад ва онро дар тарозуи ақлу мантиқ бисанҷад, ки оё бо ақлу мантиқ ҷур дармеояд ва ё ғайри ақлӣ ва ғайримантиқӣ аст?

* * *

Пас, чаро мо мусалмонем?! Оё гароишамон ба ин дин, мисли ҳиндуҳо аз рӯйи ирс аст, ба ин маъно, ки кӯр-кӯрона ва чашмбаста пайрави гузаштагони худем?!

Шояд бисёре аз мусалмонон ҳамин ҳолатро доранд, аммо бешак дар миёни онон ҳастанд касоне, ки пайравӣ ва гароиши онҳо ба ислом, аз рӯйи биноӣ ва басират аст, на кӯр-кӯрона, ки агар медиданд ислом бо ақлу мантиқ ҷур дарнамеомад, ба он пушт мекарданд ва ба маломати маломаткунандагон, ки ҳамвора даҳонашон пур аст, эътиное намекарданд.

Ҳол, дар ин ёддошт, фақат як далел, ки чаро мусалмонам иктифо хоҳам кард; далеле, ки собит мекунад, ки агар аз ислом пайравӣ мекунам, ба ин хотир нест, ки дини аҷдодам аст. На! Балки ба ин ҷиҳат аст, ки воқеан дине барҳақ аст, лоақал аз назари банда, ки бароям воқеан қаноатбахш ва итминоновар аст.

Ва он далел ин аст: дар Қуръони Карим маорифе ҳаст, ки маҳол аст сохта ва пардохтаи марде дарснахонда ва бузургшуда дар саҳроҳои Арабистон дар қуруни вусто яъне 1400 сол пеш бошад. Ин маҳол аст. Имкон надорад. Ва ҳатто агар фарз кунем, ӯ дарсхонда ва дар Рум ё Юнон ва ё Эрони он замон бузург шуда буд, дар ин сурат низ маҳол аст. Ва болотар аз ин, маҳол аст аз сӯйи касе гуфта шуда бошад, ки на дар 1400 сол пеш, балки дар ҳамин айёми мо яъне қарни 21 мезияд ва як ҳаким ва файласуф аст. Ҳатто дар ин сурат маҳол аст.

Пас, фақат як эҳтимол боқӣ мемонад ва он ин ки: ин суханон суханони инсон нест, суханони Худост яъне ваҳй аст.

Ҳол, далелеро, ки бар ин муддао аз Қуръон хоҳам овард, аз қазо шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ низ дар китоби “Инсон ва имон” таҳти унвони “Лағзишгоҳҳои андеша аз назари Қуръон” овардааст. Ҳамонро меоварам бо андак тағйир.

Аввал ин нуктаро арз кунам: Қуръони Карим таъкиди фаровон ба ин нукта дорад, ки инсон бояд аз лағзишгоҳҳои фикрӣ яъне чизҳое, ки сабаби лағзиш ва кажандешии инсон мешавад бипарҳезад ва аз ин рӯ ин лағзишгоҳоро яке-яке баршумурдааст. Ба навиштаи шаҳид Мутаҳҳарӣ, ин лағзишгоҳҳо иборатанд аз:

1) Такя бар занну гумон ба ҷойи илму яқин

وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ

“Агар аз бештари мардуми рӯйи замин пайравӣ кунӣ (ки мегӯянд: “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав!”), туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд; онон фақат аз гумон ва пиндор (ки пояи илмӣ ва мантиқӣ надорад) пайравӣ мекунанд ва танҳо ба ҳадсу тахмин такя мезананд.” (Анъом/116)

Яъне Қуръони Карим ба шиддат бо пайравӣ аз занну гумон мухолиф аст; мефармояд: модоме, ки ба чизе илму яқин ҳосил накардаӣ, онро дунбол макун:

وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ

Яъне (эй инсон!) “аз он чи ба он илм надорӣ, пайравӣ макун…” (Исро/36)

Имрӯз аз назари фалсафӣ мусаллам шудааст, ки яке аз омилҳои умдаи хатоҳо ва иштибоҳот, ҳамин будааст. Декарт ҳазор сол пас аз Қуръон аввалин асли мантиқии хешро ин қарор дод ва гуфт:

“Ҳеч чизро ҳақиқат надонам магар ин ки бар ман бадеҳӣ бошад ва дар тасдиқоти худ аз шитобзадагӣ ва сабқи зеҳн ва тамоюл бипарҳезам ва напазирам магар онро, ки чунон равшан ва мутамойиз бошад, ки ҳеч гуна шакку шубҳа дар он намонад.” (Сайри ҳикмат дар Урупо, ҷилди аввал)

2) Майлҳо ва ҳавоҳои нафсонӣ

Инсон агар бихоҳад саҳеҳ қазоват кунад, бояд дар мавриди матлабе, ки меандешад, комилан бетарафии худро ҳифз кунад, яъне кӯшиш кунад, ки ҳақиқатхоҳ бошад ва хештанро таслими далелу мадрак намояд; дуруст монанди як қозӣ, ки рӯйи парвандае мутолеа мекунад, бояд нисбат ба тарафайни даъво бетараф бошад. Қозӣ агар тамоюли шахсӣ ба як тараф дошта бошад, ба таври нохудогоҳ далоиле, ки барои он тараф аст, назарашро бештар ҷалб мекунад ва далоиле, ки ба суди тарафи дигар ва алайҳи ин тараф аст, худ ба худ аз назараш канор меравад ва ҳамин мӯҷиби иштибоҳи қозӣ мегардад.

Инсон дар тафаккуроти худ агар бетарафии худро нисбат ба нафй ё исботи матлабе ҳифз накунад ва майли нафсониаш ба як тараф бошад, хоҳ нохоҳ ва бидуни он ки худаш мутаваҷҷеҳ шавад, ақрабаи фикраш ба ҷониби майл ва хоҳиши нафсониаш мутамойил мешавад. Ин аст, ки Қуръон ҳавои нафсро низ монанди такя бар занну гумон, яке аз омилҳои лағзиш мешуморад.

Дар сура Наҷм мефармояд:

إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَمَا تَهْوَى الْأَنْفُسُ

“Инон (мушрикон) фақат аз пиндор ва гумон (-и бепоя) ва ҳавоҳои нафсонӣ пайравӣ мекунанд.” (Наҷм/23)

3) Шитобзадагӣ

Ҳар қазоват ва изҳори назаре далел лозим дорад ва то шумо далеле ба қадри кофӣ бар масъалае надоред, ҳар гуна изҳори назар, шитобзадагӣ ва мӯҷиби лағзиши андеша аст. Қуръони Карим мукаррар ба андак будани сармояи илмии башар ва кофӣ набуданаш барои бархе қазоватҳои бузург ишора мекунад ва изҳори ҷазмро дур аз эҳтиёт талаққӣ менамояд. Масалан мефармояд:

وَمَا أُوتِيتُمْ مِنَ الْعِلْمِ إِلَّا قَلِيلًا

“Он миқдор илм ва иттилоъе, ки ба шумо расида андак аст ва барои қазоват кофӣ нест.” (Исро/85)

Имом Содиқ фармудааст: Худованд дар Қуръон бандагони хешро ба ду оят ихтисос дод ва таъдиб фармуд: яке ин ки то ба чизе илм пайдо накардаанд, тасдиқ накунанд (шитобзадагӣ дар тасдиқ) ва дигар ин ки то ба чизе илм пайдо накардаанд, то ба марҳилаи илм ва яқин нарасидаанд, рад ва нафй накунанд (шитобзадагӣ дар инкор).

Худованд дар як оят фармуд:

أَلَمْ يُؤْخَذْ عَلَيْهِمْ مِيثَاقُ الْكِتَابِ أَنْ لَا يَقُولُوا عَلَى اللَّهِ إِلَّا الْحَقَّ

“Оё аз онҳо дар китоб (китоби фитрат ё китобҳои осмонӣ) паймон гирифта нашуда, ки ҷуз он чи ҳақ аст (ҳақ буданаш мӯҳраз аст), ба Худованд нисбат надиҳанд?!” (Аъроф/169)

Дар ояти дигар фармуд:

بَلْ كَذَّبُوا بِمَا لَمْ يُحِيطُوا بِعِلْمِهِ

“Инкор карданд ва такзиб карданд чизеро, ки ба илми он иҳота надоштанд (намешинохтанд)”. (Юнус/39)

4) Суннатгароӣ ва гузаштанигарӣ

Инсон ба ҳукми табъи аввалии худ ҳангоме, ки мебинад як фикр ва ақидаи хосс мавриди қабули наслҳои гузашта будааст, худ ба худ бидуни он ки маҷоле ба андешаи худ бидиҳад, онро мепазирад. Қуръон ёдоварӣ мекунад, ки пазируфтаҳо ва боварҳои гузаштагонро модом, ки бо меъёри ақл насанҷидаед, напазиред, дар муқобили боварҳои гузаштгон истиқлоли фикрӣ дошта бошед. Дар сураи Бақара, ояти 170 мегӯяд:

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۗ أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ

“Агар ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чи Худо ба василаи ваҳй фуруд оварда пайравӣ кунед, мегӯянд: хайр, мо ҳамон равишҳо ва суннатҳоро пайравӣ мекунем, ки падарони гузаштаи худро бар он ёфтаем. Оё агар падаронашон ҳеч чизеро фаҳм намекардаанд ва роҳеро намеёфтаанд, боз ҳам аз онҳо пайравӣ мекунанд?!”

5) Шахсиятгароӣ

Яке дигар аз сабабҳои лағзиши андеша, гароиш ба шахсиятҳост. Шахсиятҳои бузурги таърихӣ ё муосир аз назари азамате, ки дар нуфус доранд, бар рӯйи фикру андеша ва тасмим ва иродаи дигарон асар мегузоранд ва дар ҳақиқат, ҳам фикр ва ҳам иродаи дигаронро тасхир мекунанд, дигарон ончунон меандешанд, ки онҳо меандешанд ва ончунон тасмим мегиранд, ки онҳо мегиранд, дигарон дар муқобили онҳо истиқлоли фикр ва иродаи худро аз даст медиҳанд.

Қуръони Карим моро даъват ба истиқлоли фикрӣ мекунад ва пайравиҳои кӯр-кӯрона аз бузургон ва шахсиятҳоро мӯҷиб шақовати абадӣ медонад. Бинобар ин аз забони мардуме, ки аз ин роҳ гумроҳ мешаванд, нақл мекунад, ки дар қиёмат мегӯянд:

رَبَّنَا إِنَّا أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَاءَنَا فَأَضَلُّونَا السَّبِيلَا

“Парвардигоро! Мо бузургони хешро пайравӣ ва итоат кардем ва дар натиҷа моро гумроҳ сохтанд.” (Аҳзоб/67)

* * *

Хуб, ҳол бифармоед, оё якчунин маориф дар забони як ятим, ки дарснохонда ва муаллиме надидааст, он ҳам дар қуруни вусто яъне 1400 сол пеш ва дар саҳроҳои Арабистон, имкон дорад ҷорӣ бишавад?!

Худ қазоват кунед!

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,

Дили рамидаи моро рафиқу мунис шуд.

Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,

Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.

(Ҳофиз)

Худоё! Аз афтодан дар лағзишгоҳҳои андеша нигаҳамон дор!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек

Source: Пурсишу посухҳои маърифатӣ
Via: Пурсишу посухҳои маърифатӣ
Tags: Пурсишу посухҳои маърифатӣ
Previous Post

Ҷулонӣ: Мо ва Исроил душманони муштарак дорем

Next Post

Шукуфаи руҳ

Related Posts

Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Ёр то ёр аст

June 14, 2025
Бандаи шукргузоре бошам
Имон ва ваҳдат

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Имон ва ваҳдат

Ҳар киро завқи дин падид ояд…

June 10, 2025
Оятуллоҳ Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Олам маҳзари Худост
Имон ва ваҳдат

Олам маҳзари Худост

May 30, 2025
меъмории эронӣ
Имон ва ваҳдат

Дарси бузург аз шогирди кучак

May 30, 2025
Next Post
Шукуфаи руҳ

Шукуфаи руҳ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Шабакаи барқи Исроил осеб дидааст

Шабакаи барқи Исроил осеб дидааст

June 17, 2025
Эрон: Ҳамалоти ҷадиде оғоз шудааст

Эрон: Ҳамалоти ҷадиде оғоз шудааст

June 17, 2025
Тарсу ҳарос дар шаҳрҳои мухталифи Исроил

Тарсу ҳарос дар шаҳрҳои мухталифи Исроил

June 17, 2025
Сарлашкар Мӯсавӣ

Мақоми низомии Эрон: Амалиёти танбеҳӣ акнун оғоз мешавад

June 17, 2025

Recent News

Шабакаи барқи Исроил осеб дидааст

Шабакаи барқи Исроил осеб дидааст

June 17, 2025
Эрон: Ҳамалоти ҷадиде оғоз шудааст

Эрон: Ҳамалоти ҷадиде оғоз шудааст

June 17, 2025
Тарсу ҳарос дар шаҳрҳои мухталифи Исроил

Тарсу ҳарос дар шаҳрҳои мухталифи Исроил

June 17, 2025
Сарлашкар Мӯсавӣ

Мақоми низомии Эрон: Амалиёти танбеҳӣ акнун оғоз мешавад

June 17, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Шабакаи барқи Исроил осеб дидааст

Шабакаи барқи Исроил осеб дидааст

June 17, 2025
Эрон: Ҳамалоти ҷадиде оғоз шудааст

Эрон: Ҳамалоти ҷадиде оғоз шудааст

June 17, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved