• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Ҳаққи ҳамроҳ дар сафар

November 8, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Тавсияҳои Амиралмӯъминин Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён

Тавсияҳои Амиралмӯъминин Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён

0
SHARES
18
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳаққи ҳамроҳ дар сафар

Мактаби инсоният

Дар Эъломияи ҳуқуқи башар якчунин чизеро суроғ доред?!

Шаҳид Мутаҳҳарӣ зимни тафсири сураи Зухруф ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл кардаанд дар бораи ҳаққи ҳамсафар. Ривоятро аз Усули Кофӣ нақл кардаанд. Дар Усули Кофӣ бобе ҳаст бо ин унвон:

بَابُ حُسْنِ الصِّحَابَةِ وَحَقِّ الصَّاحِبِ فِي السَّفَرِ‌

(Боби ҳусни ҳамроҳӣ ва ҳаққи ҳамроҳ дар сафар)

Дар ҳадиси шумораи 5 аз ин боб ривояте ҳаст, ки шаҳид Мутаҳҳарӣ меоварад, ба ин шарҳ:

“Рӯзе амирулмӯъминин Алӣ (а) дар замони хилофаташон аз шаҳри Куфа хориҷ шуданд. Эшон одаташон ин набуд, ки вақте ба ҷойе мераванд, ба унвони ин ки халифа ва амирулмӯъминин ҳастанд, бо эскорт бираванд, содда мерафтанд ва содда ҳам меомаданд; на афроде пушти сарашон ҳаракат мекарданд, ки аз ҷоҳу ҷалол шинохта шаванд ва на либоси хоссе доштанд, либосашон ҳам дар ҳадди соддатарини либосҳо буд ва на маркабашон як вазъи хоссе дошт, ба шакли як одами оддӣ мерафтанд.

Дар баргаштан, бо як нафар китобӣ (масеҳӣ ё яҳудӣ ва ё зардуштӣ) бархӯрд карданд (ин ҷо бибинед, як дақоиқе ҳаст, ки фақат зери заррабин мешавад пайдо кард) ва бо якдигар мусоҳиб ва ҳамроҳ шуданд. Қаҳран ду мусоҳиб роҳи якдигарро мепурсанд. Ҳазрат фармуданд: ман меравам Куфа, ту куҷо меравӣ?

Ҷойи дигареро гуфт, ки як миқдор аз роҳро бо якдигар муштарак буданд ва наздики Куфа ӯ роҳаш ҷудо мешуд, гуфтанд: хуб, пас бо ҳамдигар бошем.

Он шахс медонист, ки рафиқаш мусалмон аст. Ҳазрат ҳам, ки медонистанд, ӯ аҳли китоб аст. Бо ҳамдигар сӯҳбаткунон омаданд, то ба сари дуроҳӣ: шоҳроҳи Куфа ва роҳи фаръӣ расиданд. Ӯ қаҳран роҳи фаръиро гирифт. Ҳазрат ҳам шоҳроҳро раҳо карданд ва дунболи ӯ омаданд.

Он шахс гуфт: Шумо, ки гуфтед, ман ба Куфа меравам.

Фармуд: Бале, ба Куфа меравам.

Пурсид: Пас чаро аз ин тараф меоед?

Фармуд: Барои ин ки мо бо якдигар чанд соат мусоҳибат кардем ва мусоҳибат ҳақ эҷод мекунад ва ту ба гардани ман ҳақ пайдо кардӣ. Ба далели ин ки ту бар ман соҳиби ҳақ ҳастӣ, ман мехоҳам туро чанд қадам бадрақа кунам.

Навиштаанд: Ҳамон ҷо фикре кард ва гуфт: пайғамбари шумо ба далели ин ахлоқи ҳасанае, ки дастур дод, ба ин суръат динаш дунёро гирифт.

Ва баъд худоҳофизӣ карданд ва ӯ ҳазрати амир (а)-ро нашинохт, вале ин хотира ба шакли аҷибе дар зеҳнаш буд.

То як вақте ба Куфа омад ва қаҳран дар ҷустуҷӯи ҳамон рафиқаш буд. Рӯзе омад халифаро дид ва фаҳмид, рафиқи байни роҳӣ худ халифа аст.

Он ҷо буд, ки шаҳодатайнро гуфт ва мусалмон шуд ва яке аз асҳоби хосси амирулмӯъминин гардид… (Поёни ривоят)

Ин ки мегӯянд, ҳуқуқи башар, Эъломияи ҳуқуқи башар, шумо дар ҳамаи ҳуқуқҳое, ки имрӯз дар дунё ҳаст, наметавонед ҳуқуқе ба ин резӣ, ки инсон фақат зери заррабин метавонад бибинад, пайдо кунед…”

Манбаъ: Ошноӣ бо Қуръон, Муртазо Мутаҳҳарӣ

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Ҳаққи ҳамроҳ дар сафар
Via: Ҳаққи ҳамроҳ дар сафар
Tags: Ҳаққи ҳамроҳ дар сафар
Previous Post

Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно

Next Post

Кеши меҳр

Related Posts

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб
Инсон ва инсоният

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

December 5, 2025
Фарҳанг ва таърихи башар
Инсон ва инсоният

Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин

December 5, 2025
Паёмади андӯҳгин кардани мӯъмин
Инсон ва инсоният

Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)

December 5, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Инсон ва инсоният

Маҳалли нуфузи шайтон

December 5, 2025
Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ
Инсон ва инсоният

Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ

November 22, 2025
Таърихсозӣ
Инсон ва инсоният

Таърихсозӣ

November 20, 2025
Next Post
Кеши меҳр

Кеши меҳр

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ислом чигуна инсонҳоро дигаргун мекунад

Ислом чӣ гуна инсонҳоро дигаргун мекунад

December 5, 2025
Таҳдиди дарвеш

Таҳдиди дарвеш

December 5, 2025
Ҳанӯз ёд дорам

Ҳанӯз ёд дорам

December 5, 2025
Ту низ ба зер ой!

Ту низ ба зер ой!

December 5, 2025

Recent News

Ислом чигуна инсонҳоро дигаргун мекунад

Ислом чӣ гуна инсонҳоро дигаргун мекунад

December 5, 2025
Таҳдиди дарвеш

Таҳдиди дарвеш

December 5, 2025
Ҳанӯз ёд дорам

Ҳанӯз ёд дорам

December 5, 2025
Ту низ ба зер ой!

Ту низ ба зер ой!

December 5, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ислом чигуна инсонҳоро дигаргун мекунад

Ислом чӣ гуна инсонҳоро дигаргун мекунад

December 5, 2025
Таҳдиди дарвеш

Таҳдиди дарвеш

December 5, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved