• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Хубӣ ва эҳсон ба падару модар

May 7, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

Хубӣ ва эҳсон ба падару модар

0
SHARES
8
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Хубӣ ва эҳсон ба падару модар

Ҳаққи модарат бар ту ин аст, ки бидонӣ ӯ туро дар ҷое ҳамл кардааст, ки ҳеҷ кас, дигариро ҳамл намекунад ва аз меваи дилаш ба ту дод, ки аҳаде ба дигарӣ намедиҳад ва туро бо тамоми аъзояш ҳифз кард ва аҳамияте намедод, ки худ гурусна бошад, аммо ту сер бошӣ ва худ ташна бошад, аммо туро сероб кунад ва худ бараҳна бошад, аммо туро бипӯшонад ва худ зери офтоб бошад, аммо туро соя афканад ва ба хотири ту хобро бар худ ҳаром кунад ва аз гармову сармо нигаҳат дорад, то туро дошта бошад ва аз даст надиҳад. Бинобар ин, ту ҷуз бо кӯмак ва тавфиқи илоҳӣ аз паси қадрдонии ӯ барнамеоӣ…

Ҳаққе, ки падару модар бар гардани фарзандон доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ барои фарзандон қобили адо кардан нест. Зеро ҳуқуқи волидайн бисёр бештар аз он ҳаддест, ки тавассути фарзандон қобили адо кардан бошад…

Дар ривояте аз Имом Саҷҷод, ҳаққи модар ин гуна баён шудааст: “Ва аммо ҳаққи модарат бар ту ин аст, ки бидонӣ ӯ туро дар ҷое ҳамл кардааст, ки ҳеҷ кас, дигариро ҳамл намекунад ва аз меваи дилаш ба ту дод, ки аҳаде ба дигарӣ намедиҳад ва туро бо тамоми аъзояш ҳифз кард ва аҳамияте намедод, ки худ гурусна бошад, аммо ту сер бошӣ ва худ ташна бошад, аммо туро сероб кунад ва худ бараҳна бошад, аммо туро бипӯшонад ва худ зери офтоб бошад, аммо туро соя афканад ва ба хотири ту хобро бар худ ҳаром кунад ва аз гармову сармо нигаҳат дорад, то туро дошта бошад ва аз даст надиҳад. Бинобар ин, ту ҷуз бо кӯмак ва тавфиқи илоҳӣ аз паси қадрдонии ӯ барнамеоӣ”.[1]

Ва дар ҷои дигар ҳаққи падарро ин гуна баён доштааст: “Аммо ҳаққи падарат ин аст, ки бидонӣ ӯ асл ва решаи туст, зеро агар ӯ набуд, ту ҳам набудӣ, пас ҳар хислати хушоянде, ки дар худ дидӣ, бидон, ки маншаъ ва решаи он неъмат дар вуҷуди падарат мебошад. Бинобар ин, Худойро биситой ва барои он неъмат аз падарат сипосгузор бош”.[2]

Ҳаққе, ки падару модар бар гардани фарзандон доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ барои фарзандон қобили адо кардан нест. Зеро ҳуқуқи волидайн бисёр бештар аз он ҳадде аст, ки тавассути фарзандон қобили адо кардан бошад, ба ҳамин хотир, дар ривоёти мутааддид дорем, ки чун наметавонед ҳуқуқи волидайнро адо кунед, ба ҳамин хотир эҳсон ва некӣ ба падару модар кунед.[3]

Ҳуқуқи падару модар он қадар азим аст, ки дар ривояте омадааст, ки: “Камтарин беэҳтиромӣ ба падару модар “уф” гуфтан аст ва агар Худованд чизе камтар аз он суроғ дошт, бегумон аз он наҳй мекард”.[4]

Пас падару модар барои фарзанд он қадар заҳмат мекашанд, ки шоистагии бештарин хадамот ва некиҳо ва кӯмакҳост, ки падару модарро дилгарм мекунад, то соҳиби фарзанд шаванд ва тамоми мушкилоти онҳоро таҳаммул кунанд ва дар мавқее, ки фарзандон ниёз доранд, ниёзҳои онҳоро аз ҳар ҷиҳат фароҳам кунанд. Вале агар фарзандон мавқее, ки бузург шуданд ва падару модар ба кӯмак ва муҳаббати онҳо ниёз доштанд, фарзандон ҳар кадом роҳи худро кашида бираванд ва бар ниёзҳои падару модар эътиное накунанд ва ин камтаваҷҷӯҳӣ ва бемуҳаббатӣ нисбат ба падару модар дар ҷомеа шоеъ шавад, дар ин сурат аст, ки ҳеҷ зану шавҳаре ба худ ҷуръат намедиҳад, ки соҳиби фарзанд шавад ва ӯро бо заҳматҳои фаровон бузург кунанд ва мавқее, ки бузург шуд, дар паи зиндагии худаш биравад ва падару модарро ба ҳоли худ раҳо кунад ва ба ниёзҳои онҳо аслан таваҷҷӯҳе накунад. Ҳадди аксар лутфе, ки бикунад, онҳоро ба хонаи солмандон бифиристад. Дигар падару модар ангезаи тавлиди насл ва тарбияти онҳоро нахоҳанд дошт.

Агар дар ҷомеае чунин руҳия ҳоким шавад, ба суръат наслҳо мунқариз мешавад ва агар бачае ҳам мутаваллид гардад, бепадару модар хоҳад монд ва натиҷа ва оқибати чунин фарзанде, ки бидуни меҳри модарӣ ва муҳаббати падарӣ рушд карда бошад, рӯшан аст. Чун тибқи натоиҷи худи ҷомеашиносони ғарбӣ, аксари ҷурму ҷиноёт ва фаҳшоро ин фарзандони беҳувият анҷом медиҳанд.

Агар ҷомеае ба чунин масъалае мубтало гардад, ҳеҷ қонун ё суннате қодир нахоҳад буд, дигар ниҳоди хонаводаро мустаҳкам намуда ва ҷомеаро аз бадбахтиҳо наҷот бахшад.[5]

Дар ривояте омадааст: “Худованд нофармонии падару модарро аз ин ҷиҳат ҳаром фармудааст, ки сабаби аз даст додани тавфиқи тоати Худованд ва беэҳтиромӣ ба падару модар ва носипосии неъмат ва аз байн рафтани шукру сипосгузорӣ ва кам шудани насл ва қатъ гардидани он мешавад, зеро нофармонии волидайн сабаб мегардад, ки ба падару модар эҳтиром гузошта нашавад, пайвандҳои хешовандӣ қатъ гардад, падару модар ба доштани фарзанд берағбат шаванд ва ба иллати некӣ накардан ва фармон набурдани фарзанд аз падару модар, онон низ кори тарбияти ӯро раҳо созанд”.[6]

(Манбаъ: пойгоҳи Тибён)

Пайнавиштҳо:

1 – Мизонул ҳикма, Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Дорулҳадис, ҷилди 14, саҳ.7095.

2 – Ҳамон, саҳ.7103.

3 – Ахлоқ дар Қуръон, Мисбоҳи Яздӣ, ҷилди 3, саҳ.53.

4 – Мизонул ҳикма, ҷилди 14, саҳ.7099.

5 – Алмизон, аллома Таботабоӣ, ҷилди 7, саҳ.516.

6 – Мизонул ҳикма, ҷилди 14, саҳ.7101.

Source: Хубӣ ва эҳсон ба падару модар
Via: Хубӣ ва эҳсон ба падару модар
Tags: Хубӣ ва эҳсон ба падару модар
Previous Post

Ироқчӣ: Барномаи “Озодӣ”-и Амрико дар тангаи Ҳурмуз, “барномаи бунбаст” аст

Next Post

Чу майдон фарох аст…

Related Posts

Хоманаӣ
Инсон ва инсоният

Пизишки раҳбари шаҳид: Оятуллоҳ Хоманаӣ то солҳо дар хонаашон яхдон надоштанд

May 7, 2026
Сайфулло Муллоҷон
Инсон ва инсоният

Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хушомадгӯён ва чоплусон

May 3, 2026
Муҳаммад
Инсон ва инсоният

Ахлоқи некӯи Паёмбари Акрам(с)

May 3, 2026
Муҳаммад
Инсон ва инсоният

Обид ва сиддиқ

February 26, 2026
Сарлашкари хушахлоқ
Инсон ва инсоният

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ
Инсон ва инсоният

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Next Post
Биравед Шумо озод ҳастед!

Чу майдон фарох аст...

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Нотавонии артиши Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

Нотавонии артиши Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

May 7, 2026
Бекорӣ дар Исроил бар асари ҷанг

Бекорӣ дар Исроил бар асари ҷанг

May 7, 2026
Пешомадҳо ва хайри шумо

Пешомадҳо ва хайру салоҳ дар корҳо

May 7, 2026
Охирин гузориш аз вазъияти матбуот дар Омрико

Охирин гузориш аз вазъияти матбуот дар Омрико

May 7, 2026

Recent News

Нотавонии артиши Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

Нотавонии артиши Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

May 7, 2026
Бекорӣ дар Исроил бар асари ҷанг

Бекорӣ дар Исроил бар асари ҷанг

May 7, 2026
Пешомадҳо ва хайри шумо

Пешомадҳо ва хайру салоҳ дар корҳо

May 7, 2026
Охирин гузориш аз вазъияти матбуот дар Омрико

Охирин гузориш аз вазъияти матбуот дар Омрико

May 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Нотавонии артиши Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

Нотавонии артиши Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

May 7, 2026
Бекорӣ дар Исроил бар асари ҷанг

Бекорӣ дар Исроил бар асари ҷанг

May 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved