Интишори асари Марямбону Фарғонӣ дар Эрон
Ахбори фарҳангӣ
Боиси хушҳолист, ки асари гаронмояи нависандаи хушқалам ва ҳаммиҳани азизамон, Марямбону Фарғонӣ ба номи “Таманно” дар Эрон чопу нашр шудааст.
Asia-Plus аз забони Мӯҳсин Фараҳбар, фаъоли эронӣ, ки дар таҳия ва нашри ин асар саҳм гузошта менависад:
“Дар баробари румони “Таманно”, китоби “Ниме шакар, ниме намак” низ дар Эрон ба табъ расидааст. Он маҷмӯаи осори мунтахаби Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, шоир ва мутафаккири сӯфии форсизабони асрҳои XIV–XV ва асосгузори тариқати Неъматуллоҳия мебошад. Ин китоб низ бо ташаббуси Маҷид Асадӣ омода шуда, Марямбону Фарғонӣ ва дуктур Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ (сафири пешини Ҷ.И.Эрон дар Тоҷикистон) пешгуфтор навиштаанд.
Осори Марямбону Фарғонӣ қаблан низ дар Эрон нашр шудааст. Чанд сол пеш нашриёти “Чӯҷа” маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои ӯро бо номи “Ман чунин девонаам” нашр карда буд.
Ӯ муаллифи китобҳои “Афсонаи тамаддун”, “Ҳадиси Риштон, “Хуморшикан”, “Чаҳор қисса”, “Шаҳболи хаёл”, “Ман чунин девонаам”, “Садои зангӯлаҳо”, “Хуморат мегирад, ҳампартаи ман” ва се маҷмуаи ашъор аст.
Ёдовар мешавем, ки аз Марямбону Фарғонӣ моҳи гузашта – 28-уми август ба муносибати 35-солагии истиқлол бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст”.
Тоҷнек



















