Мулоқоти намояндагони Тромп бо Зеленский
Ахбори байналмилал
Намояндагони Трамп бо Зеленский дар Киев мулоқот карданд
Намояндагони вижаи Доналд Трамп, Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, рӯзи якшанбе дар Киев бо Владимир Зеленский дидор ва дар бораи роҳҳои поёни ҷанги Украина гуфтугӯ карданд.
Ин дидор, як рӯз пас аз мулоқоти тақрибан 3-соатаи Уиткофф ва Кушнер бо Владимир Путин дар Маскав баргузор шуд.
Намояндагони Амрико пас аз мулоқот бо Путин ба Киев рафтанд, то мавзеи ҷонибҳои Русия ва Украинаро барои идомаи музокирот баррасӣ кунанд.
Бо вуҷуди гуфтугӯҳои дипломатӣ, то ҳол пешрафти ҷиддӣ дар роҳи поёни ҷанг эълом нашудааст.
Зеленский баъд аз мулоқот гуфт, ки эҳтимолан ҷанг то зимистон идома хоҳад дошт.
Тоҷнек



















