Foreign Affairs: Чаро Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад?
Ахбори байналмилал
Нашрияи омрикоии Foreign Affairs дар таҳлиле, бо эълом ба нокомии чандин соли фишори иқтисодии Вошингтун алайҳ Теҳрон навишт: Омрико то кунун натавониста бо қатъи шараёнҳои иқтисодӣ, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба таслим водор кунад.
Ин нашрия бо ишора ба изҳороти ахири Скотт Бессант, вазири хазонадории Омрико дар бораи талоши Вошингтун барои қатъи тамомии шараёнҳои иқтисодии Эрон, ёдовар шуд, ки ин иддаоҳо пеш аз ин низ бо унвонҳое ҳамчун “фишори ҳадди аксарӣ” ва “қавитарин таҳримҳои таърих” матраҳ шуда буд, аммо Эрон тайи наздик ба як даҳа тавониста дар баробари ин фишорҳо муқовимат кунад.
Ин гузориш тасреҳ мекунад, ки таҳримҳои Омрико бидуни тардид ҳазинаи сангине бар иқтисоди Эрон таҳмил кардаанд, бо ин ҳол, иқтисоди ин кишвар бар хилофи бархе кишварҳои таҳримшудаи дигар, дучори фурӯпошӣ нашудааст.
Ба навиштаи Foreign Affairs, Эрон тайи солҳои таҳрим бо истифода аз равишҳои ибтикорӣ аз ҷумла тавсиъаи санойеъи ғайри нафтӣ тавониста бахше аз фишорҳои хориҷиро хунсо кунад. Аз тарафе, бо тавваҷӯҳ ба ин равишҳо маҳсулоти эронӣ дар бархе бозорҳои минтақа рақобатитар шудаанд.
Foreign Affairs ҳамчунин таъкид мекунад, ки вахомати шохисҳои иқтисодии илзоман ба маънои фурӯпошии иқтисод ё нотавонии Эрон дар идомаи ҷанг нест.
Яке аз муҳимтарин омилҳои тобоварии иқтисоди Эрон аз нигоҳи ин нашрия, захоири густардаи коло ва маводди аввалия дар ширкатҳои эронӣ аст. Ширкатҳо тайи ду даҳа таҳрим ба нигаҳдории мавҷудиҳои бузург одат кардаанд ва ҳамин захоир ба онҳо иҷоза додааст дар шароити ҷанг ва ихтилол дар занҷираи таъмин, ҳамчунон ба фаъолият идома диҳанд.
Ин гузориш ҳамчунин менависад: Эрон дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 17 миллиард доллар воридот дошта ва интизор меравад маҷмӯи воридоти солона ба ҳудуди 40 миллиард доллар бирасад; рақаме, ки агарчӣ бисёр камтар аз солҳои гузашта аст, аммо ҳамчунон имкони таъмини бахше аз ниёзҳои иқтисодии кишварро фароҳам мекунад.
Дар ҷамъбандӣ, Foreign Affairs ба як натиҷаи қобили тавваҷӯҳ мерасад ва он ин ки таҳримҳои Омрико илзоман наметавонад иқтисоди Эронро ба зону дароварад.
Тоҷнек



















