Вижагиҳои ҷомеаи исломӣ
Вижагиҳои ҷомеаи исломӣ аз дидгоҳи Сайид Қутб
“(Дар ҷомеаи исломӣ) ҳамаи онҳо (ақвоми мухталиф бо забонҳои гуногун) яксон ва бо дар назар гирифтани як дурнамои воҳид гирди ҳам омаданд ва ниҳояти истеъдод ва тавоноиҳои худро базл карданд ва амиқтарин вежагиҳои нажодии худро зоҳир сохтанд ва хулоса ва усораи таҷрибаҳои шахсӣ ва қавмӣ ва таърихии худро барои сохтани ин ҷомеаи воҳид – ки ҳамагӣ ба яксон ба он нисбат доштанд – нисор мекарданд. Дар ин ҷомеа, имон ба парвардигори якто омили ҳамбастагии ҳамаи онҳо буд ва инсонияти онҳо бидуни вуҷуди ҳеч гуна монее ба зуҳур мерасид. Ва ин тавфиқе аст, ки ҳеч ҷомеаи дигаре натавонистааст дар тӯли таърих бад-он даст ёбад. Барои мисол, номвартарин ҷомеаи башарӣ дар таърихи бостон, ҷомеаи имперотурии Рум аст, ки амалан нажодҳо ва забонҳо ва рангҳо ва табиатҳои мутааддидеро гирди ҳам оварда буд. Аммо ин ҷомеа бар асоси як “омили пайванди инсонӣ” ва бар пояи арзиши волое ҳамонанди ақида, шакл нагирифта буд. Аз тарафе, дар тамоми имперотурии Рум, ҷомеа табақотӣ буд ва аз ду табақаи ашроф ва бардагон ташкил мешуд. Ва аз тарафи дигар, ҷомеаи нажодпарастонае буд, ки бар мабнои сиёдати нажоди Рум (ба таври омм) ва бардагии соири нажодҳо пеш мерафт. Ба ҳамин далел ҳам, ҳеч гоҳ натавонист ба он уфуқи ҷомеаи исломӣ ва ба самароте, ки ҷомеаи исломӣ ба даст овард, даст пайдо кунад…”
(Шаҳид Сайид Қутб, Нишонаҳои роҳ)
Тоҷнек