Нигоҳе ба масъалаи шафоат ва тавассул
Маорифи исломӣ
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Фарқ байни ақидаи мушрикони Қурайш бо масъалаи шафоат ва тавассул
Дирӯз дар шабакаи иҷтимоӣ гуфторе аз шаҳид Муртазо Мутаҳҳариро нақл кардам, ки гуфтааст: “Куффори Қурайш мушрик буданд дар ибодат ва дар рубубият, вале мушрик дар холиқият ва дар зот набуданд; яъне инҳо Аллоҳро ба унвони холиқи осмонҳо ва замин инкор надоштанд”, аммо бо ин вуҷуд, “ибодатро барои ӯ намекарданд, балки ибодат барои ӯро лағв ва беҳуда медонистанд, ибодатро барои бутҳо анҷом медоданд, мегуфтанд: мо бутҳоро парастиш мекунем баъд бутҳо кори моро дуруст мекунанд.” Яъне ширки онҳо дар ибодат ва рубубияти Худо буд.
Дар ҳошияи ин гуфтор, суоле аз сӯйи яке аз азизон матраҳ шуд мабнӣ бар ин ки пас фарқ байни мушрикони Қурайш ва мусалмононе, ки дархости шафоат ва тавассул мекунанд, ба чист? Зеро ин мусалмонон низ вақте мегӯянд, мо аз паёмбар ё авлиёуллоҳ дархости шафоат мекунем, то пеши Худо шафеъи мо бошанд ва ё вақте ба паёмбар ва авлиёуллоҳ тавассул мекунанд, амалашон чӣ фарқе бо амали мушрикони Қурайш дорад, ки онҳо низ мегӯянд:
وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَىٰ
“Ва онон, ки ба ҷойи Худо сарпарастон ва маъбудоне баргузидаанд (ва мегӯянд): мо он бутонро намепарастем магар барои ин ки моро ба даргоҳи Худо наздик созанд…” (Сураи Зумар, ояти 3)
Ва аммо посух:
1) Аввалан, асли шафоат ва тавассул, як амри мусаллам аст, дар ин ду масъала ҳеч ду мусалмоне бо ҳам ихтилоф надоранд (ихтилоф дар чизе дигар аст, ки ба зудӣ арз хоҳам кард). Дар “Фиқҳи акбар” (мансуб ба Абӯҳанифа (р)) аст, ки гӯяд:
وشفاعة الْأَنْبِيَاء عَلَيْهِم السَّلَام حق وشفاعة النَّبِي صلى الله عَلَيْهِ وَسلم للْمُؤْمِنين المذنبين وَلأَهل الْكَبَائِر مِنْهُم المستوجبين الْعقَاب حق
“Шафоати паёмбарони илоҳӣ (а) ҳақ аст ва шафоати Паёмбари Акрам (с) мар мӯъминони гунаҳкор ва аҳли кабираро, ки сазовори муҷозот будаанд ҳақ аст…” (Фиқҳи акбар, Ашшомила, с.61)
https://shamela.ws/book/6388/30
Дар робита бо тавассул низ, дар Бухорӣ аз Анас ривоят шудааст:
عَنْ أَنَسٍ أَنَّ عُمَرَ بْنَ الْخَطَّابِ كَانَ إِذَا قَحَطُوا اسْتَسْقَى بِالْعَبَّاسِ بْنِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ، فَقَالَ: اللَّهُمَّ إِنَّا كُنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّنَا فَتَسْقِينَا، وَإِنَّا نَتَوَسَّلُ إِلَيْكَ بِعَمِّ نَبِيِّنَا فَاسْقِنَا، قَالَ فَيُسْقَوْنَ
“Вақте қаҳтӣ (хушксолӣ) мешуд, Умар ибни Хатто ба воситаи Аббос ибни Абдулмутталиб (амуи ҳазрати Паёмбар (с)) талаби борон мекард ва мегуфт: Худовандо! Мо қаблан ба паёмбарамон тавассул меҷустем ва аз ту дархост мекардем ва инак ба амуи паёмбарамон тавассул меҷӯем ва аз ту дархост мекунем, пас бар мо борон биборон.” (Саҳеҳи Бухорӣ, Ашшомила, 1/342)
https://shamela.ws/book/735/1640
2) Нуктаи асосӣ — ки хелеҳо ба ин нукта таваҷҷӯҳ накардаанд (ҳатто худи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб) ва ба ҳамин хотир, шафоат ва тавассулро шабеҳи амали мушрикони Қурайш пиндоштаанд – дар ин аст, ки Қуръон, ки мушриконро тақбеҳ ва амали онҳоро ширк донистааст, ибодати онҳо аз бутҳоро (дар айни он ки бутонро Худо намедонистанд) тақбеҳ ва ширк дониста. Яъне он чи қабеҳ ва ширк аст, парастидани бут тавассути онҳост. Онҳо мегуфтанд, мо ба ҷойи Худо бутҳоро парастиш мекунем, баъд ин бутҳо аз Худо мехоҳанд, ки масалан чунину чунон кунад. Ба сухани дигар, мо бутро ибодат мекунем, то байни мо ва Худо восита шавад. Ин амал қабеҳ ва ширк аст, на асли шафоат ё асли тавассул.
Зеро агар шафоат ва тавассул аз асл ва реша қабеҳ ва ширк мебуд, ҳаргиз Умар ибни Хаттоб бо тавассул ба Аббос ибни Абдулмутталиб аз Худо талаби борон намекард. Ва ё агар асли шафоат ширк мебуд, ҳаргиз Ҳофиз Ибни Ҳаҷар намегуфт:
وَجَاءَتِ الْأَحَادِيثُ فِي إِثْبَاتِ الشَّفَاعَةِ الْمُحَمَّدِيَّةِ مُتَوَاتِرَةً، وَدَلَّ عَلَيْهَا قَوْلُهُ تَعَالَى: ﴿عَسَى أَنْ يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَحْمُودًا﴾ وَالْجُمْهُورُ عَلَى أَنَّ الْمُرَادَ بِهِ الشَّفَاعَةُ
“Аҳодис дар хусуси исботи шафоати муҳаммадӣ (с) мутавотир аст ва ин ояти шарифа низ ба он далолат дорад, ки: “Умед аст, Парвардигорат туро ба мақоме маҳмуд (сутуда) бирасонад.” (Сураи Исро, ояти 79) ва ҷумҳури уламо бар ин назаранд, ки мурод аз “мақоми маҳмуд” дар ин оят мақоми шафоат аст…” (Фатҳул-борӣ, Ашшомила, 11/426)
https://shamela.ws/book/1673/6798
Бинобар ин он ҷо, ки Қуръон (Сураи Зумар, ояти 3) мефармояд:
وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَىٰ
“Ва онон, ки ба ҷойи Худо сарпарастон ва маъбудоне баргузидаанд (ва мегӯянд): мо он бутонро намепарастем магар барои ин ки моро ба даргоҳи Худо наздик созанд…”, тибқи қоидаи забони арабӣ, маънои ин ҷумла ин аст: “Мо он бутонро намепарастем магар мепарастем барои ин ки моро ба даргоҳи Худо наздик созанд.”
Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳеч мусалмоне вақте дархости шафоат мекунад ва ё тавассул меҷӯяд, ғайри Худоро напарастида, ҳаргиз ва абадан! Ӯ паёмбар (с)-ро восита қарор медиҳад ва аз Худо мехоҳад.
3) Хулоса ин ки дар асли ҷоиз будани шафоат ва тавассул, ихтилофе миёни мусалмонон (шиъа ва суннӣ) вуҷуд надорад, балки ихтилоф (он ҳам байни пайравони Ибни Абдулваҳҳоб ва соири муслимин) аз ин ҷо ношӣ шудааст, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (ва пеш аз ӯ Ибни Таймия) иддао кардаанд, ки дархости шафоат аз шахси мурда ё тавассул ба мурда ҷоиз нест ва ширк аст.
Ин ду шахсият, бо тарҳи ин масъала – ки равшан аст, ношӣ аз саводи лозим надоштани онҳо дар маорифи исломӣ мебошад – сабаби ихтилофе амиқ миёни мусалмонон шуданд ва ин дидгоҳи носавобашон сабаб шуда, пайравони онҳо анбӯҳе аз мусалмононро такфир кунанд ва мушрикашон бидонанд, ки ин мусбат ҳанӯз идома дорад. Бибинед Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чӣ мегӯяд!
من جعل بينه وبين الله وسائط يدعوهم ويسألهم الشفاعة ويتوكل عليهم كفر
“Касе, ки байни худ ва Худо восита қарор диҳад ва он воситаҳоро бихонад ва аз онҳо талаби шафоат кунад ва бар эшон такя намояд, чунин фарде кофир аст…” (Рисолатут-тосиъа фи навқозил-ислом)
https://shamela.ws/book/11381/53
Ин иддаои бепояи онҳо ду ҷавоб дорад, ки хулосавор арз мекунам. (Тафсили он бимонад барои як фурсати дигар.)
а) Агар як амал (масалан дархости шафоат ё тавассул) ширк бошад, ин дигар мурда ва зинда намешиносад. Ба сухани дигар, ширк ширк аст. Ширк яъне шарик ва анбоз қоил шудан барои Худо ва ин амал зотан ва дар ҳар ҳолат ҷоиз нест. Ин дуруст мисли он мемонад, ки масалан қоил бошем эътиқод ба духудоӣ (алаёзу биллоҳ!) агар аз сӯйи як зинда сурат бигирад ҷоиз, аммо агар бимирад, дигар ширк аст. Чунин андешае ҷуз аз сӯйи як одами бесавод ва оммӣ ва нафаҳм содир намешавад.
б) Ба илова, мо ривоятҳои саҳеҳи зиёде дорем, ки дар онҳо дар бораи тавассул ба ҳазрати паёмбар (с) пас аз вафоти эшон омадааст. Ҳоло ба унвони намуна, танҳо бо овардани яке аз он ривоёт басанда мекунам:
Табаронӣ дар “Ал-муъҷам ул-кабир” дар хабаре бо санаде комилан саҳеҳ аз саҳобии ҷалилулқадр Усмон ибни Ҳунайф (р) нақл мекунад:
أن رجلا كان يختلف إلى عثمان بن عفان رضي الله عنه في حاجة له فكان عثمان لا يلتفت إليه ولا ينظر في حاجته فلقي ابن حنيف فشكى ذلك إليه فقال له عثمان بن حنيف: ائت الميضأة فتوضأ ثم ائت المسجد فصل فيه ركعتين ثم قل: اللهم إني أسألك وأتوجه إليك بنبينا محمد صلى الله عليه و سلم نبي الرحمة يا محمد إني أتوجه بك إلى ربي فتقضى لي حاجتي وتذكر حاجتك وروح حتى أروح معك فانطلق الرجل فصنع ما قال له ثم أتى باب عثمان بن عفان رضي الله عنه فجاء البواب حتى أخذ بيده فأدخله على عثمان بن عفان رضي الله عنه فأجلسه معه على الطنفسة فقال: حاجتك فذكر حاجته وقاضاها له
“Марде барои ҳоҷате назди Усмон ибни Аффон (халифаи севвум) омаду рафт мекард, вале Усмон ҳеч таваҷҷӯҳе ба ҳоҷати ӯ намекард. Он мард бо Усмон ибни Ҳунайф мулоқот ва ба ӯ ин мавзӯъро шикоят кард. Усмон ибни Ҳунайф ба ӯ гуфт: ба хона бирав ва вузӯ бигир, сипас ба масҷид (масҷиди набавӣ) биё, баъд ду ракъат намоз бигузор ва бигӯ:
“Худоё! Ман аз ту дархост мекунам ва рӯ меоварам ба ту ба воситаи пайғамбарамон Муҳаммад (с), паёмбари раҳмат. Эй Муҳаммад! Ба дурустӣ, ки ман рӯ овардам ба василаи ту ба сӯйи Худои худ, ки ҳоҷати маро бароварда созӣ.” Сипас ҳоҷати худро ёдовар шав.
Он мард рафт ва ҳамон гуна анҷом дод. Сипас ба дари хонаи Усмон ибни Аффон рафт, дарбон (касе, ки дарро мегушояд) омад ва дасти ӯро гирифт ва ба назди халифа бурд ва дар канори ӯ нишонд. Усмон ҳоҷати ӯро пурсид. Ӯ ҳоҷати худро зикр кард ва халифа онро бароварда намуд… (то охири хабар) (Ал-муъҷам ул-кабир, Ашшомила, 9/30)
((https://shamela.ws/book/1733/10308))
Дар “Фатҳул‒қадир” зимни баёни чигунагии зиёрати қабри шарифи ҳазрати Паёмбар (с) мегӯяд:
وَيَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى حَاجَتَهُ مُتَوَسِّلًا إلَى اللَّهِ بِحَضْرَةِ نَبِيِّهِ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ. وَأَعْظَمُ الْمَسَائِلِ وَأَهَمُّهَا سُؤَالُ حُسْنِ الْخَاتِمَةِ وَالرِّضْوَانِ وَالْمَغْفِرَةِ، ثُمَّ يَسْأَلُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الشَّفَاعَةَ فَيَقُولُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ ، يَا رَسُولَ اللَّهِ أَسْأَلُك الشَّفَاعَةَ وَأَتَوَسَّلُ بِك إلَى اللَّهِ فِي أَنْ أَمُوتَ مُسْلِمًا عَلَى مِلَّتِك وَسُنَّتِك
Дар маҳзари ҷаноби Паёмбар (с) бо тавассул ба Худои Таоло аз Худо ҳоҷати хешро дархост мекунад. Бузургтарин ва муҳимтарини дархостҳо, ин дархости оқибатбахайрӣ, ризои Худо ва мағфирати ӯст. Сипас аз ҷаноби Паёмбар (с) талаби шафоат хоста мегӯяд: эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам, эй Расули Худо! Аз ту шафоат металабам ва туро восита қарор дода, аз Худо дархост мекунам, ки маро мусалмон ва дар миллат ва суннати ту бимиронад… (Фатҳул-қадир, 6/249, Ашшомила)
Ва аммо дар посух ба ин ки мегӯянд, Паёмбар (с), ки аз дунё рафта, моро намешунавад, соҳиби китоби “Аннофеъ-ул‒кабир”, аз фуқаҳои маъруф ва машҳури ҳанафӣ, сухане ҷолиб дорад, мегӯяд:
ثم اشتهر بين العوام أن عند الحنفية لا سماع للموتى والحق أنهم بريئون عن ذلك… وكيف ينكر قدماء أصحابنا سماع الموتى مع ظهور النصوص الدالة عليه وإجماع أكثر الصحابة عليه وقد أنكرته عائشة (رضي الله عنها) لكن قد زارت قبر أخيه عبد الرحمن وخاطبت معه كما هو مروي في جامع الترمذي وغيره فعلم أنها رجعت إلى السماع والعقل أيضا يوافق السماع فإن السامع والفاهم إنما هو الروح وهو لا يفني بالموت وفناء البدن لا يقدح في ذلك ولعلمي قد ينكشف حقية هذا الأمر لمنكري السماع بعد موتهم وإن طال إنكارهم في حياتهم وعند ذلك يحصل معه التنبيه على خطأهم ولا يفيدهم ذلك
“Байни авом овоза шудааст, ки гӯё ҳанафиҳо мӯътақид бошанд, ки мурдагон намешунаванд. Ҳақиқат он аст, ки ҳанафиҳо безор аз чунин нисбате ба онҳо мебошанд… Чӣ гуна қудамои асҳоби мо шунидани мурдагонро инкор мекарда бошанд ҳол он, ки нассҳое дорем, ки далолат бар шунидани мурдагон мекунад ва аксари саҳоба бар ин масъала иҷмоъ кардаанд… Уммулмуъминин Оиша қабри бародари худ Абдурраҳмонро зиёрат карда ва бо ӯ сухан гуфтаанд, чунон ки Тирмизӣ ва ғайри ӯ ривоят кардаанд… (Сунани Тирмизӣ, 4/313, Ашшомила) Аз ин фаҳмида мешавад, ки шунаванда ва фаҳмкунанда руҳи инсон аст (на ҷасади ӯ) ва руҳ ҳам бо марг аз байн намеравад… Ба назари ман ҳаққонияти ин амр барои касоне, ки шунидани мурдагонро инкор мекунанд, баъд аз мурданашон ошкор хоҳад шуд, ҳарчанд дар ин ҳаёт онро инкор кунанд ва он гоҳ ба хато ва иштибоҳашон пай хоҳанд бурд, вале ҳайҳот, ки дигар суде барояшон надорад!” (Аннофеъ-ул‒кабир, 1/242, Ашшомила)
Сайидюнуси Истаравшанӣ
(istaravshani.com)
Тоҷнек



















