Ҳикояти малики беинсоф
Ҳикоёте аз Гулистон
Яке аз мулуки беинсоф порсоеро пурсид: Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?
Гуфт: Туро хоби нимрӯз то дар он як нафас, халқро наёзорӣ.
Золимеро хуфта дидам, нимрӯз
Гуфтам, ин фитнаст, хобаш бурда беҳ
В-он ки хобаш беҳтар аз бедорӣ аст
Он чунон бад зиндагонӣ, мурда беҳ.
Саъдии Шерозӣ, Гулистон, ҳикояти 12
Тоҷнек
Source:
Ҳикояти малики беинсоф



















