• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

August 30, 2026
in Имон ва ваҳдат
0
Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

0
SHARES
33
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар чанд сатр

Ба муносибати милоди босаодати паёмбари меҳрубониҳо, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с)

Ҳазрати Муҳаммад (с) «ростгӯтарини мардумон ва ба аҳди худ сахт пойбанд, аз ҳамаи мардум забонаш нармтар ва дар муъошират аз ҳама беҳтар буд». (Алғорот с 59, Ансобул-ашроф ҷ 1, с 391, Табақотул-кубро ҷ 1, с 411-412)

«Ҳар кас бо ӯ муошират мекард, дӯстиашро ба дил мегирифт.» (Ансобул-ашроф, ҷ 1, с 392)

«Он гоҳ ки ба асҳобаш менигарист, лаҳазоти нигоҳро баробар миёнашон тақсим мекард». (Биҳорул-анвор, ҷ 16, с 260)

«Вақте ба касе даст медод, пеш аз ӯ дасти хешро бознамекашид, ҳамчунон ки чеҳраашро аз ӯ барнамегардонид магар он ки ӯ баргардонад». (Табақотул-кубро ҷ 1, с 378, Маҷмаъ-уз-завоид ҷ 9, с 15)

«Ӯ чеҳраи гушода дошт, тундхӯй ва маломатгар ва фаҳҳош ва мизоҳкунанда набуд». (Ансобул-ашроф, ҷ 1, с 293)

«Сираи ӯ миёнаравӣ, суннати ӯ ҳидоят ва рушд, суханаш меъёри ҳақ ва ҳукмаш адл буд». (Наҳҷулбалоға, с 139)

Яке аз ёронаш мегӯяд, ки ҳеч касро надидааст, ки «беш аз Расули Худо (с) бар лабонаш табассум бошад». (Табақотул-кубро, ҷ 1, с 372-373)

Абӯсуфён, ки пас аз мусалмон шудан рафтори асҳобро бо Расули Худо (с) дид, гуфт: «То кунун надида будам, ки касоне соҳиби хешро он андоза, ки асҳоби Муҳаммад (с) ӯро дӯст медоранд, дӯст дошта бошанд». (Ҳамон, ҷ 2, с 56)

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳусни муошират бо ҳамсарон намуна буд. Некрафторӣ бо занонро ба ёрон ва пайравонаш тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт: “Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад; чун ки ҳар гоҳ аз як хислати ӯ нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ӯст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард”. (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор ҷ 2, с 251 то 263)

Бо фарзандон фавқулода меҳрубон буд, ба онҳо муҳаббат мекард, онҳоро рӯи домани хеш менишонд, бар дӯши хеш саворашон мекард, онҳоро мебӯсид, ва ин ҳама дар ҳолест, ки ин гуна рафтор бар хилофи хулқу хӯйи роиҷи он замон буд.

Дар ривоят аст, ки рӯзе дар ҳузури яке аз ашроф Паёмбар (с) яке аз наводаҳои хеш − Имом Ҳасани Муҷтабо (а)−ро бӯсид. Он мард гуфт: “Ман ду писар дорам ва ҳанӯз ҳатто як бор ҳеч кадом аз онҳоро набӯсидаам.” Паёмбари меҳрубонӣ (с) хитоб ба ӯ фармуд: “Касе ки меҳрубонӣ накунад, раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад”. (Ҳамон)

Нисбат ба фарзандҳои дигарон низ меҳрубон буд, онҳоро рӯи зонуи хеш нишонда, дасти муҳаббат бар сари онҳо мекашид. Гоҳ модарон кӯдакони хурдсоли хешро ба ӯ медоданд, ки барои онҳо дуо кунад. Аҳёнан чунин иттифоқ меуфтод, ки он кӯдакон рӯи ҷомаи он ҷаноб (с) идрор мекарданд. Модарон нороҳат мешуданд ва мехостанд монеъи идомаи идрори бачча шаванд. Паёмбари раҳмат (с) онҳоро аз ин кор ба шиддат манъ мекард ва мегуфт: “Монеъи идомаи идрори кӯдак нашавед. Ин ки ҷомаи ман наҷис бишавад, аҳаммият надорад, покаш мекунам”. (Ҳамон)

Бархӯрд ва таъомули ӯ бо бардагон — дар давроне ки бардадорӣ роиҷтарин одати мардумони асру замони ӯ ба шумор мерафт — мисолзаданист. Ба мардум мегуфт: “Инҳо бародарони шумоянд. Аз ҳар ғизое, ки мехӯред, ба онҳо бихӯронед ва аз ҳар навъ ҷомае, ки мепӯшед, онҳоро бипӯшонед. Кори тоқатфарсо ба онҳо таҳмил макунед, балки дар корҳо ба онҳо кӯмак кунед”. Мегуфт: “Онҳоро ба унвони “банда” ва ё “каниз” хитоб накунед; зеро ҳама мамлуки Худойем ва молики ҳақиқӣ Худост, балки онҳоро ба унвони “фато” (ҷавонмард) ё “фатот” (ҷавонзан) хитоб кунед.” Паёмбар (с) шуғли “наххосӣ”, яъне бардафурӯширо бадтарини шуғлҳо медонист ва мегуфт: “Бадтарини мардум назди Худо, одамфурӯшонанд”. (Ҳамон)

Дар амонатдорӣ ҳатто қабл аз паёмбариаш забонзади омму хос буд; чандон ки лақаби Муҳаммади Амин ёфта буд. Пас аз беъсат низ, Қурайш бо ҳамаи душмание, ки бо ӯ пайдо карданд, боз ҳам амонатҳои худро ба ӯ месупурданд.

Паёмбари хубӣ душмани танбалӣ ва бекорӣ буд, мегуфт: “Худоё! Аз касолат ва бенишотӣ, аз сустӣ ва танбалӣ ва аз аҷзу забунӣ ба Ту паноҳ мебарам!” (Алҷомеъус−сағир, ҷ 1, с 58) Мусалмононро ба кор кардан ташвиқ мекард ва мегуфт: “Ибодат ҳафтод ҷузъ дорад ва беҳтарин ҷузъи он касби ҳалол аст.” (Кофӣ, ҷ 5, с 78)

Ва аммо тавсифи зуҳд ва содазистии ӯ ба гунае аст, ки қалам аз баёни он оҷиз ва нотавон аст: сода ғизо мехӯрд, сода либос мепӯшид ва сода ҳаракат мекард. Зерандозаш ғолибан ҳасир буд. Бар рӯи замин менишаст. Бо дасти худ аз буз шир медӯшид ва бар маркаби бе зину полон савор мешуд, ва аз ин ки касе дар рикобаш ҳаракат кунад, ба шиддат ҷилавгирӣ мекард. Қути ғолибаш нони ҷав ва хурмо буд. Кафш ва ҷомаашро бо дасти хеш васла мезад. Дар айни содазистӣ аммо, тарафдори фалсафаи фақр набуд. Мол ва сарватро ба суди ҷомеа ва барои сарф дар роҳҳои машрӯъ лозим мешумурд. Мегуфт: “Чӣ некӯст сарвате, ки аз роҳи машрӯъ ба даст ояд барои одаме, ки шоистаи доштани сарват бошад ва бидонад чӣ гуна сарф кунад.” Ва ҳам мефармуд: “Мол ва сарват кӯмаки хубест барои тақво.” (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ 2, с 251 то 263)

Дар ташвиқ ба донишандӯзӣ Паёмбари дарснахонда ва муаллимнадида, назир ва ҳамтое надорад. Донишомӯзиро басон вуҷуби намозу рӯза як фаризаи илоҳӣ медонист, мегуфт: “Донишҷӯӣ, бар ҳар мусалмони марду зан фарзу воҷиб аст.” (Биҳорул−анвор, ҷ 1, с 177)

Ва ҳам фармуд: “Ҳикматро дар ҳар куҷо ва дар назди ҳар кас ёфтед, ҳарчанд мушрик ва ё мунофиқ, аз ӯ баргиред.” (Ҳамон, ҷ 2, с 97 ва 99 (бо андаке ихтилоф))

Ва ҳам фармуд: “Илмро ҷустуҷӯ кунед, ҳарчанд мусталзими он бошад, ки то Чин сафар кунед.” (Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ 2, с 251 то 263)

Паёмбари ростӣ душмани хурофа ва ҷаҳолат буд, ҳаргиз аз нуқоти заъфи мардум ва ҷаҳолатҳои онон барои аҳдофи хеш баҳра нагирифт, балки баръакс, бо он нуқоти заъф мубориза мекард ва мардумро ба ҷаҳолаташон воқиф месохт. Рӯзе, ки Иброҳим, писари ҳаждаҳмоҳааш аз дунё рафт, иттифоқан он рӯз хуршед гирифт. Мардум гуфтанд: “Иллати ин ки кусуф шуд, мусибате аст, ки бар Паёмбари Худо (с) ворид шуда.” Паёмбар (с) дар муқобили ин хаёли ҷоҳилонаи мардум сукут накард ва аз ин нуқтаи заъф баҳра наҷуст, балки бар минбар рафт ва гуфт: “Эй мардум! Моҳу хуршед ду нишона аз нишонаҳои Худо ҳастанд ва барои мурдани касе намегиранд.” (Ҳамон)

Ва аммо дар таблиғ ва даъвати ба сӯи ойини хеш, бар хилофи бархе аз мусалмоннамоҳо, осонгир буд, на сахтгир. Дар ин кор, бештар бар муждаву башорат такя мекард, то бар тарсу таҳдид. Ба яке аз ёронаш, ки барои таблиғи Ислом ба Яман фиристод, дастур дод, ки: “Осон бигир ва сахт нагир, навид бидеҳ (майлҳоро таҳрик кун) ва мардумро мутанаффир масоз.” (Ҳамон)

Ҳазрати Муҳаммад (с) на танҳо аз забони дӯстон ва пайравонаш, балки дар забони душманон ва мухолифонаш низ чунон ёд шудааст. Ӯ дар ахлоқи воло ва фазоили некӯи инсонӣ; аз ростиву садоқату амонатдориву ғайра, чунон дурахшон буд, ки мухолифонаш дигар наметавонистанд онҳоро нодида ва мункираш шаванд.

Дар кутуби торихӣ омадааст, ки вақте номаи Паёмбари Акрам (с) ба имперотури Руми Шарқӣ (Бизонс) мерасад; номае, ки дар он, Паёмбар (с) ӯро ба Ислом даъват карда буд, қайсар фавран ба яке аз наздиконаш мефармояд, ки дар Шом касеро пайдо бикун, ки аз мухолифони ин муддаъии паёмбарӣ бошад, то ман аз вай дар бораи ӯ бипурсам. Дар ҳамон айём, Абӯсуфён бо гурӯҳе аз Қурайш барои бозаргонӣ ба Шом омада буд. Маъмури имперотур бо онҳо тамос мегирад ва ҳамаро ба ҳузури зимомдори Рум мебарад. Имперотур аз онон мепурсад: Оё дар миёни шумо касе ҳаст, ки бо Муҳаммад пайванди хешовандӣ дошта бошад?

Абӯсуфён мегӯяд: Мо бо Муҳаммад аз як тоифаем ва дар ҷадди чаҳорум (Абдиманоф) ба ҳам мерасем.

Имперотур дастур медиҳад, ки Абӯсуфён пеши рӯи ӯ биистад ва дигарон пушти сари ӯ қарор гиранд ва муроқиби суханони Абӯсуфён шаванд, ки ҳар гоҳ вай дар посухи пурсишҳои имперотур ғаразварзӣ кард, бедиранг ба хато ва ё дурӯғи ӯ ишора кунанд. Сипас имперотур шурӯъ ба пурсидан мекунад:

— Ҳасаби Муҳаммад чӣ гуна аст?

Абӯсуфён: Хонаводаи ӯ шариф ва бузурганд.

Имперотур: Дар ниёкони вай касе ҳаст, ки бар мардум салтанат карда бошад?

Абӯсуфён: На, ҳаргиз.

Имперотур: Оё пеш аз он ки иддаъои нубувват кунад, аз дурӯғ парҳез дошт ё на?

Абӯсуфён: Муҳаммад марди ростгӯе буд.

Имперотур: Чӣ табақае аз мардум аз вай тарафдорӣ мекунанд ва ба ойини ӯ мегараванд?

Абӯсуфён: Ашроф бо ӯ мухолифанд ва афроди оддӣ ва миёнаҳол ҳаводори ҷиддии ӯ ҳастанд.

Имперотур: Оё пайравони вай рӯ ба фузунӣ аст ва зиёд мешаванд ё кам?

Абӯсуфён: Рӯз аз рӯз бар шумори онон афзуда мешавад.

Имперотур: Оё касе аз пайравони ӯ то ҳол муртад шудааст, (яъне аз дини ӯ баргаштааст)?

Абӯсуфён: На.

Имперотур: Оё ӯ дар набард бо мухолифон пирӯз аст ё мағлуб?

Абӯсуфён: Гоҳе ғолиб ва гоҳе бо шикаст рӯбарӯ аст.

Ин ҷо буд, ки имперотур ба мутарҷим чунин мегӯяд: Ба Абӯсуфён ва дӯстони вай бигӯ, ки агар ин гузоришҳо дақиқ ва саҳеҳ бошад, ҳатман ӯ паёмбари мавъуди охируззамон аст. (Торихи Табарӣ, ҷ 2, с 290)

Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек

Source: Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)
Via: Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)
Tags: Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)
Previous Post

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

Next Post

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

Related Posts

Шафоат чист?
Имон ва ваҳдат

Шафоат чист?

June 21, 2026
Мутаҳҳарӣ
Имон ва ваҳдат

Аксари мушрикини Қурайш, мушрик дар холиқият набуданд

May 18, 2026
Нигоҳе ба масъалаи шафоат ва тавассул
Имон ва ваҳдат

Нигоҳе ба масъалаи шафоат ва тавассул

May 18, 2026
Мутаҳҳарӣ
Имон ва ваҳдат

Инкори Худову қиёмат натиҷаи амал аст, на натиҷаи фикру эътиқод

April 24, 2026
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ
Имон ва ваҳдат

Маънои тарс аз Худо

April 15, 2026
Сураи Фотиҳа
Имон ва ваҳдат

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026
Next Post
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

August 30, 2026
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

August 30, 2026

Recent News

Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

Ҳусни муоширати ҳазрати Муҳаммад(с)

August 30, 2026
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд

Посухи Эрон ба иддаоҳои вазири хазонадории Амрико

August 30, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved