• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон

April 26, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Тоҷикони Хуросон

Тоҷикони Хуросон

0
SHARES
18
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тоҷикони Хуросон

Китобе, ки ҳар тоҷик бояд бихонад – 1

Бахши аввал

Сайфулло Муллоҷон

Доктор Соҳибназар Муродӣ – донишманди маъруфи тоҷик, таҳти унвони “Тоҷикони Хуросон” китобе дар Кобул нашр кардааст, ки инак он ба китобхонаи миллии Тоҷикистон низ расида. Китоби мазкур аз се ҷилд иборат аст. Муҳтавои ҳар се ҷилдро ба таври фишурда муаррифӣ мекунам.

Ҷилди аввал, аз ҳафт фасл иборат аст.

Фасли аввал “донистаниҳои лозим дар бораи тоҷикон” номида шуда. Дар ин бахш дар хусуси манобеъи китоб маълумот гирдоварӣ шуда, сипас перомуни вожаҳое, ки маънои тоҷик доранд (мисли тоту деҳгону тозику тожику ғарчаву …) суҳбат карда мешавад. Ин ҷо аз гурӯҳҳои дарунии қавми тоҷик низ ёдоварӣ шудааст.

Фасли дувуми китоб “Аҷдоди тоҷикон дар давраи ориёиҳо” номида шудааст. Дар ин қисмат роҷеъ ба хостгоҳи ориёиҳо ва муҳоҷирату ҷуғрофияи густариши онон ахбор гирдоварӣ шуда. Сипас аз дудмонҳои Каёниву Пешдодӣ ва зуҳури Зардушту Ойинномаи кеши зурдуштӣ (Авасто) сухан ба миён меоварад, ки хеле ҷолиб аст.

Фасли савуми ин китоб “Ориёиҳо ва зуҳури имперотуриҳои бостон” унвон гирифта. Аз миттаниҳову модҳо то лашкаркашии Искандар ёдоварӣ карда, сипас аз пайдоиши хатту забонҳои қадими эронӣ сухан ба миён оварда мешавад. Дар поёни ин фасл перомуни Кушониён ва Ашкониёну Сосониён ва мероси арзишманди ин дудмонҳо гузориш дода мешавад.

Дар фасли чорум, ки “гоҳномашумориҳои ориёӣ” ном дорад, муаллиф аз солномаҳои гуногун, ки дар адвори мухталиф миёни мардумон роиҷ буда, ёдовар мешавад. Аз ҷумла, гоҳшумориҳои суғдиву хоразмиву систонӣ ва наврӯзи ориёӣ ба тасвир кашида мешавад.

“Тоҷикон ва таҳаввулоти сиёсӣ ва фарҳангӣ” номи фасли панҷуми ин асари хуб аст. Ин ҷо ҳам мавзуҳои муҳимме чун, зодгоҳи забони порсӣ, гӯишҳои ин забон (аз ҷумла тоҷикӣ), вуруди арабҳо ба Хуросон ва қиёмҳои зиддиарабии тоҷикон матраҳ гардидаанд. Қисмати мазкур бо баҳсе андар авомили эҳё ва густариши забони порсӣ ба анҷом мерасад.

Дар фасли шашуми китоб, ки “Нақши тоҷикон дар боварии фикру фарҳанги исломӣ” ном дорад, асосан аз чеҳраҳои барҷастаи тоҷикон ва нақши онҳо дар густариши тамаддуни исломӣ зикр карда мешавад. Бахши поёнии фасли шашум ба фирқаҳои исломӣ ва густариши он дар байни тоҷикон ихтисос дода шудааст.

Фасли ҳафтуми ҷилди аввал, “Таъсиси давлатҳои мустақили миллии тоҷикон дар Хуросон” мебошад, ки дар беш аз сад саҳифа фароҳам омадааст. Ин ҷо муаллиф аз Тоҳириёну Саффориён ва марказҳои муҳимме чун Балху Бухоро сухан ронда, муфассал аз Сомониён ва корномаи онҳо ёдоварӣ кардааст. Ҳамчунин аз дудмонҳои дигари эронитабор, назири Балъамиёну Ҷайҳониён ва Зиёриёну Бувайҳиён тазаккур дода, шахсиятҳои бузурги илму адаби қарни чоруми ҳиҷрӣ (даҳи милодӣ)-ро низ ёдоварӣ мекунад.

Аммо ҷилди дуюми китоб….

Идома дорад…

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфуллоҳ Муллоҷон)

Тоҷнек

Tags: Тоҷикони Хуросон
Previous Post

Эҳтиром ба устод

Next Post

Зиндагиатро бисоз

Related Posts

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
Иззати дунё...
Инсон ва инсоният

Иззати дунё…

March 14, 2025
Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино
Ниёгони гузаштаи мо

Сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

March 10, 2025
Next Post
Зиндагиатро бисоз

Зиндагиатро бисоз

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved