• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

НИДОИ ФИРДАВСӢ АЗ ТОБУТ.

April 6, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Ниёгони гузаштаи мо
0
фирдавсӣ
0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

НИДОИ ФИРДАВСӢ АЗ ТОБУТ.

Тобути Фирдавсиро дар саҳни масҷид гузошта, ҳама мунтазири шайхи бузург Абулқосими Гургонӣ шуданд. Ӯ мебоист намози ҷаноза мехонд. Пири фартут асозанон омада, бо нӯги асояш ба тарафи тобут ишора карда гуфт:

– Ин шахс умри худро бо ситоиши кофирон – маҷусони бадбунёд зоеъ кард, мехост сарҳади динро рахна кунад. Ман ҷанозаи чунин касро намехонам ва ҳам иҷозат намедиҳам, ки ӯро дар қабристони мусулмонон гӯронанд…

(С.Улуғзода, романи “Фирдавсӣ”)

❗️Аё пири фатво, маро бад магӯй,

Бадам гар бигӯйӣ, бад ояд ба рӯй.

Ман, охир, зи хайри бадон нестам,

Чу ту аз қиболи дадон нестам.

Зи хоки баланд аст обу гилам,

Чу як мазраи сабзи пурҳосилам.

Макони ҳама дин бувад кибриё,

Саропо ту ғарқи ба зуҳди риё.

Ҳама дини дунёст дини Худо,

Магӯ аз худ, охир, бигӯ з-анбиё.

Ман аз дину дунё-т озурдаам,

Ҳама умр хуни ҷигар хӯрдаам.

Сароғози зиштӣ зи рафтори туст,

Каҷиҳои гетӣ зи гуфтори туст.

Насиҳат намоӣ ба хосу ба ом,

Вале худ надонӣ ҳалолу ҳаром.

Ало, эй ғуломи ҳавою ҳавас,

Ту нашносӣ умре гулу хору хас.

Бад аз ман наояд, ки

ман хушгилам,

Ба ғам дода дилрову як бедилам.

Ба ҳар ҷо санои ватан гуфтаам,

Чу булбул вафои чаман гуфтаам.

Аҷам зинда кардам ба лафзи дарӣ,

Ки ҷавҳар шиносад фақат ҷавҳарӣ.

Чу “Шаҳнома” бинмуд умрам хазон,

Ки қолаб тиҳӣ кардаам ин замон.

Чӣ шӯре барангезӣ андар сарам,

Ҳанӯзам ба тобут шери нарам.

Ба сӯйи палангон мапартой санг,

Ки ӯ кай ҳаросад зи рӯбоҳи ланг.

Биёзурдӣ умре тани зиндаам,

Кунун дорӣ қасди тани мурдаам.

Кас аз мурда гирад чу товону қасд,

Фалохуни қисмат сари ӯ шикаст.

Ту ҳам ойӣ рӯзе ба оғӯши хок,

Биандеш аз ҳавли кунҷи мағок.

Маро раҳ надодӣ ба мулки абад,

Чи бок аз ту дорам, аё бехирад.

Мазори ман андар дили мардум аст,

Равонам ба базми маҳу анҷум аст.

Маро ханҷари чарх басе куштааст,

Ба хунам на як бор оғуштааст.

Чу гул мурда аз нав сар афрохтам,

Дили худ дигарбора бигдохтам.

Зи куштори Сӯҳроб мурдам нахуст,

Зи кирдори Рустам танам гашт суст.

Зи қатли Сиёвуш мурдам дигар,

Зи чашмам фурӯ рехт хуни ҷигар.

Ду чашми пуруммеди Исфандиёр,

Ба пеши аҷал кард маро шармсор.

Таҳантан чу мурдӣ зи кини Шағод,

Бигуфтам ба худ зиндагонӣ мабод.

Замине, ки Сӯҳроби ял хуфтааст,

Ҳанӯзам ба хуни худ оғуштааст.

Зи хоке, ки ояд аз он ҷо хурӯш,

Зи қабри Сиёвушу Рустам ба гӯш.

Ба марзе, ки Исфандиёри ман аст,

Ҳамон ҷо қарору махори ман аст.

Ба қалбе, ки тухми сахо киштаам,

Ба ҷуз некӣ сатре набинвиштаам.

Ба қалбе, ки саршори меҳру вафост,

Ғурири ҷавонию сидқу сахост.

Замине, ки дорад хати ному нанг,

Зи хуни шаҳидон бувад лоларанг.

Ба хоке, ки дорад ғурури Аҷам,

Ба мардон ватандорӣ ҳарфи қасам.

Ҳамон ҷо қарору мазори ман аст,

Чу оёти мардӣ шиори ман аст‼️

Previous Post

Диндории ҷоҳилона

Next Post

Оғози ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Исроил

Related Posts

Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан
Адабиёт ва ашъор

Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан

June 27, 2025
Муҳаммад
Мавзӯоти доғ

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Ниёгони гузаштаи мо

Қиматӣ дар шаҳри Мадина

June 10, 2025
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

June 10, 2025
Муҳаммад Расулуллоҳ
Адабиёт ва ашъор

Дирҳамҳои бобаракат

June 10, 2025
Дарахти хурмо
Адабиёт ва ашъор

Дарахти хурмо

June 10, 2025
Next Post
Эрон

Оғози ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Исроил

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

July 1, 2025
Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

June 30, 2025
Ҳамлаҳои маргбор ба Ғазза

Ҳамлаҳои маргбор ба Ғазза

June 30, 2025
Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

June 30, 2025

Recent News

Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

July 1, 2025
Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

June 30, 2025
Ҳамлаҳои маргбор ба Ғазза

Ҳамлаҳои маргбор ба Ғазза

June 30, 2025
Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

June 30, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

July 1, 2025
Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

June 30, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved