Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат
Ёддошти Азиз Нақибзод
Дунёи гирдгардон
Ҳамин чанд сол пеш буд, ки аз аҳамияти хати ниёгон мегуфтем ва аз бузургиву вусъати баҳри беканори форсӣ ва зиёиёне, ки “нон ба нархи рӯз мехуранд”, тамғаи “хоин” бар пешонии мо зада буданд.
…ва дирӯз раиси ҷумҳур аз аҳамияти хати форсӣ гуфт, ва ҳама аз муҳим будани ин амр мегӯянд. Аз ҷумла онҳое, ҳам ки гузор ба хатти форсӣ ва таблиғи онро хиёнат ба миллат мешумурданд. Дунёи гирдгардон.
Устод Рӯдакӣ ҳазор сол пеш гуфтааст:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирди гардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Бигзарем. Муҳим ин ки ончи эшон “дард” мепиндоштанд, аз ин пас “дармон” эътироф мешавад. Дармони ҷону рӯҳи хастаи миллат!
Тоҷнек



















