• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Шафоат чист?

June 21, 2026
in Имон ва ваҳдат
0
Шафоат чист?

Шафоат чист?

0
SHARES
14
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Шафоат чист?

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

 Шафоаткунанда кист?

Шафоати шаҳид

Шафоат, ба маънои дархост аз Худо барои бардоштани азоб аз сари касе ё касоне аст, ки сазовори азоб ва муҷозотанд.

Ва ба забони хеле содда: дар рӯзи қиёмат, ки халоиқ ҳама ҷамъ мешаванд ва биҳиштиён ба биҳишт ва дӯзахиён ба дӯзах бурда мешаванд, бандагони мӯъмини гунаҳкор дар он миён, ки гуноҳонашон беш аз корҳои хайрашон аст, ҳайрону саргардон мемонанд. Дар ин ҳангом шафоаткунандагон (масалан ҳазрати Паёмбар (с)) ва ё шаҳидон), ки дар пешгоҳи Худо азизанд, аз Худо мехоҳанд ин бандаҳои мӯъмини гуноҳкорро афв кунад ва аз гуноҳонашон даргузарад ва Худованд мебахшадашон.

Хуб, шафоат, аз боварҳои мусаллами исломӣ аст, яъне ҳамаи мусалмонон дар асли шафоат иттифоқи назар доранд. Уламои исломӣ – шиъа ва суннӣ – эътиқод ба шафоатро аз заруриёти дин донистаанд.

 

Шафоаткунандагон

Ҳазрати Паёмбар (с) аз шафоаткунандагон аст. “Мақоми маҳмуд” дар ояти:

وَمِنَ اللَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ نَافِلَةً لَكَ عَسَىٰ أَنْ يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَحْمُودًا

“Ва посе аз шабро (аз хоб бархез ва) Қуръон (ва намоз) бихон! Ин як вазифаи изофӣ барои туст; умед аст парвардгорат туро ба мақоме маҳмуд (мақоме дар хури ситоиш) барангезад.” (Исро/79) дар ривоятҳои исломӣ ҳамон “мақоми шафоат” дониста шудааст, ки Худованд ба Пайғамбар (с) ваъда дода. (Барои намуна р.к. Фахри Розӣ, Ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.21, с.387)

Дар ривоятҳои исломӣ, ба иловаи ҳазрати Паёмбар (с), ҳамчунин олимони ҳақиқии динӣ, шаҳидон, мӯъминони ҳақиқӣ ва ҳофизони Қуръон аз шафоаткунандагон муаррифӣ шудаанд.

 

Шафоат ба изни Худо

Шафоати шафоаткунандагон ва ҳамчунин пазириши шафоат барои шафоатшавандагон, ҳама ба изн ва иҷозаи Худованд аст. Бино бар оятҳое мисли ояти 255 сураи Бақара, ояти 3 сураи Юнус, ояти 109 сураи Тоҳо, ояти 26 сураи Наҷм, шафоат фақат ба изни Худованд аст.

 

Шафоати шаҳид

Шафоати шаҳидон дар чандин ривоят зикр шудааст. Имом Аҳмад дар “Муснад”-и худ ривоят кардааст:

ثم يقال ادعوا الشهداء فيشفعون لمن أرادوا وقال فإذا فعلتْ الشهداء ذلك يقول الله عز وجل أنا أرحم الراحمين

“(Дар рӯзи қиёмат) гуфта мешавад: шаҳидонро фаро бихонед. Он гоҳ онҳо барои ҳар касе, ки бихоҳанд, шафоат мекунанд. Ва ҳангоме, ки шаҳидон ин корро анҷом диҳанд, Худованди Мутаъол фармояд: ман меҳрбонтарини меҳрбонон ҳастам.” (Муснади Аҳмад/15)

Дар ҳадисе Аз Абудардо ривоят шудааст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармуда:

الشَّهيدُ يُشفَّعُ في سبعين من أهلِ بيتِه

“Шаҳид барои ҳафтод нафар аз хонаводааш шафоат мекунад.” (Абӯдовуд/2522)

Сайидюнус Истаравшанӣ

Тоҷнек 

Source: Шафоат чист?
Via: Шафоат чист?
Tags: Шафоат чист?
Previous Post

Ҷанги муқаддас

Next Post

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

Related Posts

Мутаҳҳарӣ
Имон ва ваҳдат

Аксари мушрикини Қурайш, мушрик дар холиқият набуданд

May 18, 2026
Нигоҳе ба масъалаи шафоат ва тавассул
Имон ва ваҳдат

Нигоҳе ба масъалаи шафоат ва тавассул

May 18, 2026
Мутаҳҳарӣ
Имон ва ваҳдат

Инкори Худову қиёмат натиҷаи амал аст, на натиҷаи фикру эътиқод

April 24, 2026
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ
Имон ва ваҳдат

Маънои тарс аз Худо

April 15, 2026
Сураи Фотиҳа
Имон ва ваҳдат

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026
Тавсияҳои Амиралмӯъминин Алӣ(а) ба ҳокимон ва фармонравоён
Имон ва ваҳдат

Дунё – василаи озмоиши инсонҳо

February 26, 2026
Next Post
Таъсири мутолиа бар кӯдакон

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Озодӣ ва озодагӣ

Мужда эй дил

July 19, 2026
Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

July 19, 2026
Кушта ва маҷруҳ шудани афсарон ва сарбозони амрикоӣ дар ҳамлаи ахири Эрон

Расонаҳои ғарбӣ ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз низомиёни амрикоӣ эътироф карданд

July 18, 2026

Recent News

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Озодӣ ва озодагӣ

Мужда эй дил

July 19, 2026
Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

Аморот хостори бозгашт ба мизи музокира шуд

July 19, 2026
Кушта ва маҷруҳ шудани афсарон ва сарбозони амрикоӣ дар ҳамлаи ахири Эрон

Расонаҳои ғарбӣ ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз низомиёни амрикоӣ эътироф карданд

July 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

Таъсисоти обширинкун ва неругоҳи барқи Кувайт дубора мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифт

July 19, 2026
Озодӣ ва озодагӣ

Мужда эй дил

July 19, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved